Маълумотҳои умумӣ оиди атмосфера. Атмосфера аз худ қабати ҳавоии заминро ташкил медиҳад, ки он аз омехтаи газҳои бо массаи умумии 5,15 * 10>15 т мебошад. Вобаста аз тақсимшавии ҳарорати атмосфера онро ба тропсфера, статосфера, мезосфера, термосфера, экзосфера ҷудо менамоянд.
Тақрибан 80 % массаи ҳаво ва қариби ҳамаи буғи обӣ дар тропосфера ҷамъ шудааст, ки ҳудуди болоии он 8-10 км дар қутбҳо ва 16-18 км дар экватор мебошад. Қисми сертаркиби он дар баландии то 2 км, қисми поёнии тропосфера мебошад. Дар сатҳи Замин атмосфера таркиби газии зеринро дорост: 78,1% – нитроген, 20,9 оксиген, 0,9% аргон, 0,03 % дуоксиди карбон, миқдори ками гидроген, гелий, неон ва дигар газҳо. Миқдори буғҳои обӣ аз 3-4% дар тропикҳо ва то 2*10>-5 % дар Антарктида. Миқдори обҳои буғӣ бо баландӣ кам мегардад.
Ба стратосфера тақрибан 20 % ҳамаи массаи атмосфера рост меояд ва 5 % – ба ҳамаи ҳамаи дигар қабатҳои атмосфера. Дар баландии 20-25 км қабати озонӣ ҷойгир шудааст, ки ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи Заминро аз афканишоти кӯтоҳмавҷӣ Офтоб ва фазои атрофи кайҳонӣ нигаҳ медорад. Дар қабатҳои болоии атмосфера, аз баландии 50-80 км сар карда, ҳиссаи газҳои сабук – гелий ва гидроген зиёд мегардад. Қисми молекулаҳои ин газҳо зери таъсироти нурафкании кайҳонӣ ба атомҳо ва ионҳо ҷудо шуда, ионосфераро ташкил медиҳад, ки он нақши ҳифзкунандаро дар паҳншавии мавҷҳои радиоӣ бозӣ мекунад. Ҳудуди болоии ионосфера ҳудули берунаи магнитосфераро муайян мекунад.
Аз рӯи маълумотҳои А.М.Апатет, дар натиҷаи фотосинтези растаниҳои муосир оксиген дар атмосфера дар муддати 5 ҳазор сол азнав мешавад, диоксиди карбон бошад – дар 11 сол (аз ҳисоби азхкудкунии растаниҳои олӣ, обсабзҳо ва бактерияҳо).
Қабатҳои поёнии тропосфера одатан бо маҳсулоти фаъолияти вулқонӣ, чанги аз сатҳи Замин ба баландии зиёд паҳншуда, ва инчунин намакҳои минералӣ ки аз оби шӯри баҳрҳо ҳамроҳ мешавад ё ки аз сатҳи шӯри замин дефлятсия мешавад, ифлос мебошад. Зарраҳои дисперсии муаллақи коллоидӣ ва сахт, ки ба тропосфера паҳн мешаванд, шаффофнокии муҳити ҳавоиро паст менамоянд.