Ҳавои атмосферӣ – ин захираи камнашванда мебошад, вале дар минтақаҳои алоҳидаи курраи замин он ба таъсироти сахти антропогенӣ дучор мешавад, ки масъала оиди тағироти сифатии ҳаво дар натиқаи ифлосшавии атмосфера ба миён меояд.
Ифлосшавии антропогении ҳавзаи ҳавоӣ. Дар вақтҳои охир ифлосшави антропогении атмосфера зиёд шуда истодааст, ки зери ин мафҳум- ворид гаштан ё зиёд шудани моддаҳои дар он набударо ё дар миқдори кам бударо мефаҳманд. Он ба пастшавии сифати ҳавои атмосфера, вайроншавии баланси экологӣ ва равандҳои табиӣ дар биосфера, бад шудани шароити фаъолияти ҷамъият ва таъсир ба саломатии инсон оварда мерасонад.
Ба манбаъҳои антропогеннии ифлосшавӣ таалуқ дорад: нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан; таҷҳизотҳои энергетикӣ ва гармӣ, ки бо сӯзишвории моеъ ва сахт кор мекунанд, корхонаҳои саноатии гуногун; заминҳои кишт; нақлиёти ҳавоӣ, кайҳонот ва ғайра. Барои ҳамин ба атмосфера партовҳои газмонанд, зарраҳои сахт, моддаҳои радиоактивӣ ва буғ ворид мегарданд. Ҳангоми дар атмосфера будан ҳарорати онҳо, хосият ва ҳолат куллан метвонад тағир ёбад (таҳшинии фраксияҳои вазнин, реаксиҳои химиявӣ ва ғ). Дар оқибати он дар ҳавои атмосфера компонентҳои нав ҳосил мешавад, ки хосияти онҳо ба пуррагӣ аз ибтидоӣ фаркият дорад.
Партовҳои газӣ пайвастагиҳои карбон, сулфур, нитрогенро ҳосил менамоянд. Тибқи маълумотҳои баҳодиҳӣ дар натиҷаи 100 сол ба атмосфера дар натиҷаи сӯзониши намудҳои гуногуни сӯзишворӣ тақрибан 250 млрд тонна гази дуоксиди карбон ворид шудааст, то он давра танҳо 350 млрд тонна.
Дар давраҳои охир ҳамасола ба атмосфера тақрибан 23 млрд тонна гази дуоксиди карбон ворид мегардад. Нисфи он миқдор дар обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ таҳшин ва ҳал мегардад, ки консентратсияи дуоксиди карбон 60 баробар зиёд нисбат дар ҳаво мебошад.
Ченкунии системавии таркиби газии атмосфера танҳо дар охири солҳои 50-уми садсолаи XX оғоз ёфта буд. Зиёда аз 10 соли мушоҳида барои хулосаи асоснок намудан оиди торафт зиёдшавии миқдори гази дуоксиди карбон дар дар атмсофера, зарур буд. Инчунин муайян гашт, ки қбати болоии уқёнуси ҷаҳонӣ ба сершавӣ бо гази дуоксиди карбон наздик аст ва қобилияти ба худ гирифтани он паст шуда истодааст.
Зиёдшавии миқдори гази дуоксиди карбон дар атмосфера ба интенсивнокии фотосинтез мусоидат менамояд ва дар натиҷа ба зидшавии биомасса оварда мерасонад.