Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - страница 2

Шрифт
Интервал


Мо намедонем пиндори бадеро аз азал,
Мо намеронем ҳарф аз ному нанги ҳеч кас.
Мо намегӯем дар ин зиндагӣ чизе бад аст,
Мо намемонем бар тасвиру ранги ҳеч кас.
Мо намеҷӯем айб аз кори ҳар бечорае,
Мо намедорем хас бар чашми танги ҳеч кас.
Мо намехандем бар ҳоли ҳақиқатгуфтагон,
Мо намемирем аз борони санги ҳеч кас.
Мо намесозем аз сар кӯҳҳои бесурур,
Мо намегардем роҳи пойи ланги ҳеч кас.
Мо наметонем оё, пас бигӯедам чаро,
Мо намегирем мулки худ зи чанги ҳеч кас?
Мо намеғунҷем, эй дил, бо ту бар рӯйи замин,
Мо намесӯзем қалби поку шанги ҳеч кас!…

«Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст…»

Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст,
Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
Ишқ чун омада, медонӣ ба қалби ошиқ?
Боиси ин ҳама девонагӣ як лабханд аст.
«Дӯст дорам!» Ба ҳама гуфтани ин нодонист,
Агар онро ту шунидӣ, ки ҳамон савганд аст!
Боварӣ дорӣ, агар дӯст надорӣ ту касе,
Ба дили мо бинигар, ойинаи дилбанд аст.
Ишқ – вақте ба ту ғам омадаву танҳоӣ,
Лек аз дидани аксе дили ту хурсанд аст?
Ишқ, яъне ба ту маънои ҳаётат омад,
Ки ту меҷӯӣ варо, лек надидӣ, чанд аст.
Ишқ – он аст, ба дилдодаи худ мегӯӣ:
– Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!

«Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад…»

Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад
                                                                хаёли мо,
Наметарсӣ чаро ин гуна аз қаҳру уболи мо?
Чу як девона такрораш кунам, аммо намеёбам,
Бигӯ то кай ҷавоберо намеёбад суоли мо?
Дар ин танҳоӣ мегардам, зи худ бегонаву шояд,
Касе ёбад хабар аз хастагии қалбу ҳоли мо.
Намедонам кадомин лаҳза мепӯшад ба тан ҷома,
Ба мисли кӯдаки урён, таманнои муҳоли мо.
Кӣ мебозад ба ҷуз мо дар тамошогоҳи ин дунё,
Чунин девонавор аз ишқи ту дар саҳна роли мо.
Нашуд баъд аз вафоти Ҳофизи Шерозӣ кас пайдо,
Ки созад рӯзу шаб зоҳир,
                                             чунон риндона фоли мо.
Кунун парвози одам дар ҳаво он сон
                                                                гарон гардид,
Ҳама донад, шикастӣ, ҳамчу дилҳо бехи боли мо.
Биё, бо зӯри лабханде, ҷаҳонеро чароғон кун,
Намедонӣ, чӣ тур мӯҳтоҷи ишқ аст эҳтимоли мо.

«Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам…»

Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам
                                                              ёди туро ҷонон?
Дилам гӯяд макун қаҳру
                                            бирав созиш бикун бо он.