Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - страница 6

Шрифт
Интервал


Надорам тоқате бар ҳарзагӯиҳову мастиҳо,
Барои бо худам будан, ҷаҳони холӣ мехоҳам!
Ман андар байни ин дунёю он дунё парешонам,
Ба рӯҳам ҷомае пӯшидаам, оҳиста месӯзад.
На оташ медиҳад анҷом ин умри гаронамро,
Ман аз теғе бимирам,
                                 к-он нигаҳ бар сина медӯзад.
Ҷавониям, чунон зуд аз барам парвоз мехоҳад,
Дигаргун мешавад то рафт дар оинаҳо тасвир.
Наметарсам сиёҳи мӯям ар гардад сапед, ин сон
Дарахтон сабз мерӯянду хокӣ мешаванд охир.
Ҳазорон ҳайф, медонам, ҷавонӣ барнамегардад,
Аз ин рӯ, ман ҳамин ҳоло, худамро боз месозам.
Ба шеърам медиҳам болу ба ҳарфи хеш озодӣ,
чу бо ҳар як сухан бар қалби инсоне раҳ андозам.
Ҷавонӣ! Бо ту мехоҳам, рафиқи ҷоние бошам,
Набитвонад ҷудо кардан туро аз ман талотумҳо.
Гузашти солу маҳ орад, агар чанде ба рӯ ожанг,
бароям даргузашту пирӣ монад ҳамчу мафҳумҳо.

Олу

Як дона олуро гирифту бар даҳон андохт,
бо дидани ман дар лабаш лабхандҳо омад.
Бо нӯги мӯяш аз ҳаё бар бозие пардохт,
аз дидаам чашмаш гирифту бар замин омад.
Гӯӣ ки дар умқи нигоҳам буд шарори барқ,
ё сад ҳазорон ҷилваи кайҳони бепоён.
Аз ман намедонист куҷо бигрезад ин ҳангом,
ман бо тамоми ҳастиям дар иффати ӯ ғарқ.
Мо ҳар ду худ биспарда будем андари доме,
чун як асири шодмон, чун бастаи озод.
Дар ақл оромию дар дил шӯълаи коме,
танҳо ба ҳоли мо гувоҳе буд, ки ӯ ҳам бод.
Оҳиста поям мениҳам сӯи парипайкар,
оҳиста лаб во мекунам то ҳоли ӯ донам.
Ваҳ, ин чӣ зебоӣ? Кӣ зод онро чу як заргар?
Ваҳ, ин чӣ эҳсосе, ки ман ҳозир диҳам ҷонам?
Дар рӯи ӯ сурхии олу мешавад пайдо,
дар чашми ман уммеди будан дар бараш як дам.
Кош ин дами тӯлонии умрам шавад, аммо
ҳусни варо то лаҳзаи охир надидан кам!…

Пазироӣ

Ман худамро мешиносам!
Одамам дар мавҷи одамҳои дунёе, ки меҳмон мешаванд ҳар рӯзу нобуд ҳам,
Одамам, буду набудам бо Ҳаво вобаста, медонам.
Андарунам баҳри сурхе то нафас дорам
                                                                        ҳавас дорад,
Сайр бинмояд тамоми ҷисму ҷонамро.
Ман худамро мешиносам!
Зодаи деҳам ва дар шаҳре худамро
                                                              ҷустуҷӯ дорам,
Ҳарфҳоям бӯи деҳистону
                             рафторам намуди деҳаро дорад,
То ҳанӯз аз худ намесозам каси воломақомеро,
Чун ки дар деҳам ҳама монанди кӯҳу
                                                               хонаи лоянд,