Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо - страница 5

Шрифт
Интервал


Садои хаста будани маро шунидани ту бас,
Маро ҳамин шуниданат, диҳад ҳазору як нафас.
Ба рағми одатам, туро намекунам дигар хаёл,
Чи гуна ишқи меҳрубон, ситам кунад ба ҷони кас.
Кабӯтаре, ба сӯи ман наё, зи ман хабар нагир,
Бубин чи тавр ҳолатам, бубин чи танг шуд қафас.
Дар ин ҳавои зиндагӣ шамоли тунд мевазад,
Ту пушту пешро нигар, намонда ҳеҷ асар ба пас.
Азизи ман, ба роҳаму равам ба назди ту, басе
Зи теғи чашми ҷодуят, зиёда мешавад ҳавас.
Ҳама ҷафо барои як нафар гаронӣ мекунад,
Агар навозише бувад, шарик намо, ба қадри хас.

«Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст…»

Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст,
Бигзашта дақиқу олами ғайб ниҳон аст.
Илму амали мо ҳамагӣ баҳри паёмест,
Аз бори сипаргашта бари хайр гарон аст.
Беҳуда маҷӯем нивиштори ниёгон,
Маҷмӯаи пай дар пайи андӯҳу фиғон аст.
Болиданамон аз ҳама ин наҳри аён чист?
Не ҳоҷати гуфтору на даркори баён аст.
Бо фурсати имрӯза фақат роҳ кушоем,
Ҳар лаҳза ба пайдоиши мӯъҷиза макон аст.
Ояндаи рахшон ба назар мерасад ар ҳол,
Дар дил шараре бошаду пайванди такон аст.
Ин гардиши сонияи умр аст, на таърих,
Пирӯзию иқбол ки вобаста бар он аст.
Рӯйоварӣ дар асри тамаддун ба қафо ҳайф,
Идроки қавӣ бештар аз тиру камон аст.
Дар кӯи наҷоти ҳама мақсуди абармард,
Андӯхтани ҳолати имрӯзи замон аст.

Падар

Ҳар замон аз буданам дар ин замин
Мешавам шодон, чу тифли безабон.
Менамоям шукри яздоне, ки ҳаст
Мекунам шукри тамоми ин ҷаҳон.
Рӯз то рӯз мерасам ман бар камол,
Аз набудиҳо нагаштам дарбадар.
То кунун ҳаргиз надидам ман завол,
Дар сарам чун соябон гардид падар.
Ёд дорам, ҳарфи абҷадро шабе,
Бо ҳазорон ранҷҳо омӯхтам.
Буд он устоди ман, шодон будам,
Гӯиё асрори ганҷ омӯхтам.
Пеш рафтан дар раҳи некўву ҳақ,
Он биёмӯхт, ин шиори зиндагист.
Ишқ варзидан ба илму маърифат
Як қадам бар давраи тобандагист.
Борҳо таъкид намуд, бар ман: – Писар!
Шоирӣ бар дӯши ту орад ғаме!
Лек, аммо, ман набитвонам падар,
Тарки шеъру шоирӣ кардан даме.
Дар раги ман хун занад туғён чу мавҷ,
Ин ҳамон хуне, ки дар рагҳои ӯст.
Гар расад рӯзе сарам бар тоқи авҷ,
Ин ҳама аз ранҷу захматҳои ӯст.

Ҷавонӣ

Ҷавонӣ! Бо ту ман аз кӯчаҳо бисёр нагзаштам,
накардам бештар монанди дигарҳо худандозӣ.
Ба ишратҳои беҳамтову даври дӯстонам ҳам,
надидам ҳеч худро дар миёни баҳсу лаҷбозӣ.
Ҷавонам то ҳанӯз аммо, мисоли ман ҷавоне ку?
Чунон саргарми ғавғоям, ки гӯӣ дар сарам олам.